баргард чоп кардан

Вазорати меҳнат ба 996 маҳбуси раҳошуда се моҳ кумакпулӣ додааст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба 3 ҳазору 796 нафари адои хидмати ҳарбинамуда ва 996 каси аз маҳбас озодшуда кӯмакпулӣ додааст. Ин нуктаро Бобохон Баротзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ имрӯз, 20 июл дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни собиқ маҳбусон, ки барои бекорӣ ёрдампулӣ дарёфт кардаанд, 49 зан низ мебошад. Баротзода ҳаҷми кумакпулиро барои афроде ки хидмати ҳарбиро анҷом додаанд ва маҳбусони собиқ, ки ҷойи кор надоштанд, моҳона 400 сомонӣ гуфт: “Чунин кумакпулӣ давоми се моҳ ба онҳо пардохт шуд”.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ имрӯз, 20 июл дар мавриди тартиби пешниҳоди кумакпулиҳо гуфт, он дар 3 давра пешниҳод мешавад. Ба гуфтаи Тағойзода, бо ин сабаб, ки Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ як барномаи иҷтимоӣ мебошад, бештар сари ду гуруҳи ниёзманд таваҷҷуҳ мешавад: “Ҷавононе, ки аз сафи қувваҳои мусалаҳи кишвар рухсат шуда, имрӯз муҳтоҷи дастгирӣ ҳастанд ва нафарони аз маҳбас озодшуда, ки низ ба дастгирӣ ниёз доранд. Мо бештар ба ин ду котегория диққат медиҳем ва нахуст ба ин ду гуруҳи шаҳрвандон кумакпулӣ дода мешавад”.

Тибқи иттилои вазорат, то имрӯз 5047 нафар аз кумакпулӣ барои бекорӣ бархӯрдор шудаанд. Масъулин гуфтанд, талош мешавад, теъдоди кумакгирандаҳо дар соли равон ба 6257 нафар расонда шавад.