Намоиши солинавӣ барои мактаббачагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Кохи фарҳанги Рӯдакӣ, қасри Ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ва театри Камоли Хуҷандӣ 28 декабр оғоз мегарданд.
Нахустнамоиши солинавии театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят «Чароғаки сеҳрнок» ном дошта, барои хонандагони синфҳои 1 - 7 пешбинӣ гардидааст. Асари саҳнавиро таҳиягари ҷавон Қурбонҷон Бобоҷонов, рассом Акбар Маҳмудов ва коргардон Акмал Воситов ба саҳна гузоштаанд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.