Душанбе: Ронандаи “Мерседес” 2 нафарро зер кард
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз беэътиноии ронандаи ҷавон дар Душанбе хабар додааст, ки бо “Мерседес” 2 нафарро зер кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса 30-юми июл тахминан соати 11:10-дақиқа дар Душанбе рух дод: “Ронандаи 24-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини ноҳияи И.Сомонӣ, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Чашмасори пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон -марди 28-сола, сокини ноҳияи Варзоб ва марди 20-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, марди 28-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.