баргард чоп кардан

Афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон

Ҳаҷми савдои хориҷаи Тоҷикистон давоми 11 моҳи ахири соли равон 4034,4 миллион доллари ИМА ро ташкил дод.


Тавре аз агентии омор ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3% ва ё 625,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Гуфтанист, дар ин давра содироти  мол ба 1153,8 миллион доллар расидаааст, ки дар муқоиса ба 11 моҳи соли 2010-ум 8,8% зиёд шудааст.

Сарчашмаи хабар ҳамзамон гуфт, дар баробари содирот нишондодҳои воридотӣ низ дар ҳоли афзоиш аст: «Воридоти мол 2880,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 22,6% боло рафтааст».

Афзоиши содироту воридот ва умуман гардиши савдои хориҷа дар ҳолест, ки болоравии нарху наво рӯз то рӯз бозорҳои кишвар ба назар мерасад.   Коршиносон дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» сабаби асосии ин равандро, яъне болоравии қимати молу колоро маҳз дар паст будани нишондодҳои содиротӣ нисбати воридот мебошад. Соҳибаназарон мегӯянд, барои баробар шудани тавозуни воридот ба содирот пеш аз ҳама тавлиди корхонаҳои истеҳсоли лозим аст: «Хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон аз сохтани ҳар гуна биноҳои баланду чизҳои нозарур, корхонаҳои истеҳсоли месохтанд ва тавлиди молҳои ватаниро зиёд мекарданд».