Қонунгузори №1-и Президент: Ҳабс ягона роҳи ислоҳ нест
Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар Кодекси нави ҷиноӣ дар бисёри ҳолатҳо ҷарима ҷои ҳабсро мегирад.
Раҳимзода имрӯз, 2-юми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, башардӯстӣ дар қонунҳои кишвар бартарият дорад: “Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ муайян шудаанд, ки ин гуманизм аст”.
Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки дар қонунгузории марбути ҷиноятҳо бештар такя ба ҷарима мешавад: “Дар Кодекси нав қисми зиёди ҷиноятҳо ба ҷарима гузаронда мешавад. Дар 25 соли Истиқлолият ҳар 1,5 сол дар Тоҷикистон афв татбиқ мешавад, ин гуманнизм аст”.
Мудири Маркази миллии қонунгузорӣ таъкид намуд, ки инсонро танҳо ба ҳабс кардан тарбия кардан мумкин нест, аммо куллан бидуни ҳабс ҳам намешавад: “Баъзе роҳҳои дигари тарбия вуҷуд дорад. Дар қонунгузорӣ принсипи оқилона пешбинӣ шудааст, ки ҳатто ба суд имконият медиҳад, ки бо назардошти ин принсип амал кунад. Вазифаи мо тарбияи инсон аст, на қатлу ҷазо”.
Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ сатҳи қонунгузории Тоҷикистон аз давлатҳои дигар поинтар нест ва баъзан камбудию мухолифатҳое, ки ҷой доранд, бо мурури замон бартараф хоҳанд шуд.
Раҳимзода иддаоро, ки қонун догма нест, рад карда, изҳор дошт, ки модоме қонун қабул шудааст, бояд иҷро шавад ва аз ин нуқтаи назар қонун догма аст: “Қонунро қабул кардӣ, бояд иҷро кунӣ. Масъалаи ивазшавандагияш ин дигар аст. Мунтазам парлумон кор мекунад, институтҳо олимон ва ниҳодҳои дигар кор мекунанд, то қонунҳои кишвар такмил дода шаванд”.