баргард чоп кардан

Ҳукми тӯлонии мухолифи ҳукумат

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 2 август мурофиаи додгоҳии вакили пешин, сиёсатмадори мухолиф Садир Жапаровро ба охир расонд. Вай аз рӯи чанд моддаи ҷиноӣ 11,5 сол зиндонӣ шуд.

Садир Жапаров бо моддаҳои "Таҳдиди қатл", "Гаравгонгирӣ", "Авбошӣ", "Истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳукумат" айбдор мешуд. Гап дар бораи гирдиҳамоии 7 октябри соли 2013 дар шаҳри Қаракӯл меравад.

Баъди ҳукм вакили дифои Садиров гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. "Ин фармоиши мақомот буд, додгоҳ онро иҷро кард", - гуфт вакили дифои Жапаров.

Ҳамзамон 2 август додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек нисбати 5 шаҳрванди мухолиф, ки дар талоши ғасби ҳукумат айбдор мешуданд, ҳукм содир кард. Ба ин тартиб, Талгарбеков ва Колубоев 14 сол, Гусев ва Калматов ду солии шартӣ, Султонов 10 сол зиндонӣ шуданд. Ҳамаи айбдоршавандаҳо аз соли гузашта дар боздошт ҳастанд.

Айбдоршавандаҳо ва фаъолони шаҳрвандӣ ин ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.