24 ҳазор сомониро аз дохили “БМВ” кӣ дуздид?
Дар шимоли Тоҷикистон аз дохили як сабукрав беш аз 20 ҳазор сомониро рабудаанд.
Як сокини 27-солаи шаҳри Душанбе бо навиштани як аризаи шикоятӣ ба пулис гуфтааст, тахминан соатҳои 09:00-и 10 август шахси номаълум пинҳонӣ дохили “БМВ”-аш, ки дар назди мағозаи “Амид”-и шаҳри Хуҷанд қарор дошт, шуда ва ҷузвдонашро бо 24 ҳазор сомонӣ дуздидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ин ариза кормандони пулис чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронда, бо иттиҳоми содир кардани ин амал сокини 29-солаи шаҳри Бӯстонро дастгир намудаанд: “Далели шайъӣ гирифта шуд”.
Манбаъ меафзояд, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.