Даъвати намояндаи вижаи президенти Русия: Неруҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк намоянд
Ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон бенатиҷа аст ва неруҳои ИМА бояд аз он кишвар берун шаванд. Ин нуктаро Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон дар суҳбат бо рӯзномаи “Известия” изҳор доштааст.
Ба қавли Кобулов, дар шароити феълӣ хоки Афғонистонро тарк намудани артиши ИМА тасмими хеле хуб хоҳад буд. “Зеро артиши ИМА зоҳиран наметавонад коре кунад, бигзор аз Афғонистон раванд”,-изҳор доштааст ӯ.
Замир Кобулов иддао кардааст, дар сурати идомаи низоъ Афғонистон метавонад ба манбаи таҳдидҳои терроризми ҷаҳонӣ бадал шавад: “Афғонисто метавонад инкубатори терроризми байналмилалӣ гардад. Аллакай қисман, чунин аст”.