баргард чоп кардан

Тоҷикистону Русия дар Душанбе вориди сабқат мешаванд

20-уми январи соли 2012 дар толори «VIP-CLUB»-и  шаҳри Душанбе мусобиқаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия сурат мепазирад.


Тибқи иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ, ин чорабинӣ бо ширкати 11 варзишгар:5 нафар самбочии муҳорибавӣ ва 5 MIX-FIGHT доир мегардад.

Ҳамчунин, муҳимтарин муҳорибаи ҷавобӣ байни варзишгари тоҷик Ҷамшед Раҷабов ва варзишгари рус Алберт Ахмедов дар намуди муҳорибаи омехта баргузор  мегардад. Роҳбарии мусобиқаи мазкурро президенти лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба ӯҳда дорад. Тавре манбаъ илова намуд, феълан барои ошноӣ аз омодагии тими Русия президенти лига аз таърихи 23 то 27-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петурбур қарор дорем.