Ҳалокати соҳибкор бо хонаводааш дар пайи садама (АКС)
Дар пайи сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Ашт як соҳибкор бо хонаводааш ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои шоҳидон ҳодиса баъди зуҳри 14-уми август дар пайи бархӯрди “Hyndai Porter” бо мошини борбари калон рух додааст: “Мусофирони Hyndai оилаи соҳибкоре будаанд, ки аз Хуҷанд ба мағозаашон дар Ашт маҳсулот мебурдаанд. Дар пайи бархӯрд 3 узви як хонавода-модар, фарзанд ва набера, сокинони деҳаи Бободархони Ашт ба ҳалокат расидаанд”.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол садамаро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки бархӯрди мошинҳо бо айби кӣ рух додааст.