Солизода директори оркестри Дастгоҳи Президент таъин шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки Солизода Олимҷон Алиҷон директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистион амр дар бораи таъиноти Солизода имрӯз, 15-уми август имзо шуд.
Инчунин имрӯз бо амри раисиҷумҳур Сайфиддин Назарзода аз мақоми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуда, ба ҷои ӯ Мирализода Абдусалом Мустафо таъин гардид.