баргард чоп кардан

Сардаргумӣ дар фазои сиёсии Қазоқистон

Муовини нахуствазири Қазоқистон Умурзоқ Шуқеев, сарвари нави Бунёди давлатии “Самрук-хазина” таъйин шуд.


Ӯ дар ин симмат Темур Қулибоев, домоди райисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро иваз кард.

Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ дода буданд, Назарбоев шавҳари духтари дуввумаш Динораро ҳафтаи гузашта ба иллати ҳал карда натавонистани баҳси маоши коргарони ширкати нефти “Қазмунайгаз” барканор кард.  Рӯзи 16 декабр дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯби коргарони ин ширкат дар шаҳри Жанаозен  дастикам 15 нафар кушта шуданд. Барканории Қулибоев маҳфилҳоро сардаргум кардааст, зеро ӯ то кунун як вориси эҳтимолии курсии Назарбоев шумурда мешуд.