баргард чоп кардан

Қонунро танзим кунем ё танзимро қонун?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ин шабу рӯзҳо мавзӯи нумраи аввали Тоҷикистон масъалаи тағйирот ба қонуни ба истилоҳ “танзим” аст. Ҳато ин мавзӯъ аз шумули мансабдорони “сатҳи баланд” як “қурбонӣ” ҳам дод. Сайфиддин Назарзода, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар тӯйи писараш муқаррароти ин қонунро риоят накардааст, аз мансаб сабукдӯш шуд. Вале оё ин мавзӯъ барои Тоҷикистон усулист? Агар усулист шеваи роҳандохта дуруст аст?

Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин гуна қонунҳо ва “чорабиниҳо” хоси ҷомеаҳои ақибмонда мебошанд. Яъне, ҷомеаҳое ки ҳам ба лиҳози иқтисодӣ ва ҳам ба лиҳози маънавӣ ақиб мондаанд. Зеро танзим кардани қонунмандиҳои рафтори фитрӣ ва маишӣ хосӣ меъёрҳои ҳуқуқ набуда, дар ҷомеаҳои огоҳу аз лиҳози маънавӣ пешрафтатар хоси меъёрҳои ахлоқ мебошад. Ин тафаккури камбағалии мост, ки мехоҳем ҳама бидонанд, ки мо то куҷо дасткушоду сахием. Дар ҳоле ки худамон медонем, ки тавонмандии ин ҳама беҳудакориро надорем. Вале аз сӯйи дигар инсон баста ба тавонмандиҳои моливу иқтисодиаш мухтор аст, ки дар чӣ поя ва бо чӣ шаҳомате масоили хонаводагияшро мудирият кунад.

Агар ҷомеаи мо як ҷомеаи маданӣ шавад (аз лиҳози илму донишу маънавиёи пешрафт кунад) мардум худ ба ин пиндор мерасад, ки ин ҳама дағдағаву шаҳомат кори беҳудае беш нест. Дар ҷомеаҳои аврупоӣ, ки зоҳиран ҳам ба лиҳози маънавию ҳам ба лиҳози иқтисодӣ аз мо доротаранд ин гуна масоилро сатҳи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа барвақт танзим кардааст. Доротаринҳои онҳо тӯйҳояшонро бо 20-30 нафар бо ду се шиша шампону ду се навъи солодҳо баргузор мекунанд. Вале дар ин баробар суоли посухталаб ин аст, ки оё дар воқеъ сабаби “стагнатсия”-и ҷомеаи мо ҳамин хароҷоти беҳудаанд?

Агар ин пиндор дуруст бошад, чиро давлат аз баргузор кардани маъракаҳои намоишкоронаи ҷашну идҳои давлатӣ даст намекашад? Магар ин ҷашнҳо хароҷот надоранд? Даст накашидани давлат аз ин ҳама намоишкориҳои пурҳазина ба ин маъно нест, ки бо сарфа кардан аз хароҷоти ҷашнҳои хонаводагӣ давлат барои хароҷоти худ дар ҷашнҳои давлатӣ ҳазина меғундорад? Вале аз ин ҳама суолу посухҳои риторикиву пиндорҳо агар бигзарем, ба ин тафаккур мерасем, ки Тоҷикистон ба қонуни танзим ниёз дорад ё танзими қонун?

Албатта, посух ин аст, ки танзими қонун. Зеро бештарини омилҳои ақибмондагӣ ва камбағалии мо берун аз қонун ҷо гирифтани мардум, пеш аз ҳама ҳукумат ва мансабдорон мебошанд. Набуди ҳокимияти қонун (волоияти қонун) дар Тоҷикистон омили эҷоди ин ҳама бебандуборӣ шудааст. Чиро барои садама кардани писари муовини нахуствазир “ҳолати техникии автомошина” гунаҳкор мешаваду барои садама кардани шаҳрвандони муқаррарӣ қонун “сад дар сад” татбиқ мешавад? Оё мардум ин тарафи амалкардҳои мансабдоронро намебинанд? Ҳатман мебинанд. Ҳамин аст, ки худи амалкарди мансабдорон ва ё чашмпӯшии ҳукумат масъалаи танзими қонунро ба як кори ношуданӣ табдил медиҳад. То замоне ки худи ҳукумат ва мансабдорон дар иҷрои қонун садоқат нишон надиҳанд, ҳеч қонуне, аз ҷумла ҳамин “қонуни танзим”, ки бо пуштибонии раисҷумҳур вориди порлумон шуд, риоят намешавад.

Рӯшан аст, ки сабаби рушд накардани Тоҷикистон “беқонунӣ дар доираи қонун” аст. Бо ин мушкил ҳам мубориза кардан мантиқитар ва фоидаовартар аст...