Ҳукми полковник Квачков, ки мегӯяд Фронти халқиро ӯ сохт (ВИДЕО)
Владимир Квачков, собиқ полковники раёсати ҷосусӣ-“ГРУ”-и Русия, ки бо изҳороташ дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон низ маъруф аст, 18-уми август боз ба 1,5 соли дигари зиндон маҳкум шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия додгоҳи низомии Самара Квачковро дар барангехтани кинаю адоват гунаҳкор донист ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ӯ 2 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.
Парвандаи навбатӣ алайҳи Квачков марти соли 2016, баъди нашри видео дар бораи солгарди сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс оғоз гардид: “Ӯ соли 2005 дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс, раҳбари корхонаи "ЕЭС России" муттаҳам шуд. Аммо ду бор-2008 ва 2010 ӯ сафед карда шуд”.
Собиқ полковники ГРУ инчунин худро аз ташкилдиҳандаҳои Фронти халқӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ изҳор доштааст, ки бо дастури намояндагони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳаракати зиддиисломӣ ташкил карда, Сангак Сафаров ба раҳбарии он расонд.