Кордкашии бародар сӯи додар дар Турсунзода
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз маҷруҳшавии вазнини сокини 19-солаи Турсунзода аз дасти бародараш хабар додааст.
Тибқи иттилои ВКД марди 24-сола баъди маҷруҳ кардани бародараш зимни муноқиша худаш ба мақомоти милиса ҳозир шуда, аз ҳодиса хабар додааст: “Ба мақомоти милиса марди 24-сола, сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат карда, арз доштааст, ки 17-уми августи соли 2017, тахминан соати 14:00, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо бародараш марди 19-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст”.
Ба иттилои манбаъ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст: “Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.