баргард чоп кардан

Кӯлоб: «Ориёно» 40 нафарро дар ноҳияи Восеъ бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд

Бо ибтикори як соҳибкор дар ноҳияи Восеъ маркази хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинони минтақа қарор гирифт.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин марказ дар рустои Саричашмаи ҷамоати деҳоти Пахтакор сохта шуда, он аз 2 бинои дуошёнадор иборат мебошад. Дар бинои аввал мағозаи хурокворӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт, дорухона ва сартарошхона барои ҷо гирифтааст.

Гуфтанист, дар ошёнаи аввали бинои дуввум таъмири воситаҳои нақлиёт, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои плостикӣ мавриди истифода қарор ёфтааст. Ба гуфтаи Муҳаббатшоҳ Абдулҳайев, муассиси марказ, онҳо дар ояндаи наздик ният доранд ,дар ошёнаи дуввум сехи дӯзандагиро бо ҷалби  бонувони маҳаллӣ  ба роҳ монанд. Бо бунёди марказ 40 нафар аз сокинони деҳоти атроф ба ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Манбаъ мегӯяд, маркази хизматрасонии «Ориёно» аввалин муассисае дар ҳудуди ҷамоати мазкур мебошад, ки барои хизматрасонӣ барои сокинони русто пешбинӣ гаштааст. То имрӯз сокинони деҳоти ҷамоат масофаи зиёдеро тай намуда, барои харидории маводи зарурӣ ба шаҳри Кӯлоб мерафтанд.