Талаби 12 ҳазор сомонӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як масъули Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, ки дар гирифтани пора ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат карда, арз доштааст, ки Сафаралӣ Каримов, эдвейзери коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, барои дохилшавӣ ба донишгоҳи мазкур аз ӯ 12 ҳазор сомонӣ талаб намудааст: “Сафаралӣ Каримов ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 12 000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноӣ нисбати Сафаралӣ Каримов бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.