баргард чоп кардан

Ҷанҷол баъди қоидавайронкунӣ: Ронандаи бегуноҳро зада кушт...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанҷоли баъди қоидавайронкунӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо марг анҷомид.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса соати 9:30-и 28-уми август рух додааст: “Мошини “Опел-Зафира”, таҳти идораи шаҳрванд Раҳмонов Субҳонқул Ҳусейнович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Тагоби Хушекат, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ба самти муқобили роҳи автомашинаи тамғаи “Шанхи”, таҳти идораи Раззоқов Абдувоҳид соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ баромадааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин миёни Фирдавс Нуров, сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, мусофири “Опел Зефира” ва Раззоқов, ронандаи автомашинаи “Шанхи” баҳсу мунозира рух додааст: “Зимни муноқиша Нуров қасдан бо даст ба рӯи Раззоқов зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида санаи 29-уми август дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

ВКД афзуд, ки феълан Нуров бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.