Барои омодагии як талаба ба мактаб чанд сомонӣ лозим аст? (ИНФОГРАФИКА)
Фардо, 1 сентябр дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи аввали соли хониш аст. Масъалаи хариди сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола ба мавзӯи №1-и аксар хонаводаҳо дар ин шабу рӯз табдил мешавад. Хабарнигори “Озодагон” дар вилояти Суғд ҳисоб кард, ки барои ба мактаб омода кардани як хонанда чӣ қадар пул зарур аст?