Бархӯрди “Тайота”ба “Мерседес” як кушта бар ҷой гузошт
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе як нафар ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҳодиса зуҳри 2 сентябр ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, ронандаи 32-солаи автомашинаи “Тайота ЛК-200”-- Асоев Низомиддин Асрорович ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба сабукрави “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ҷалолов Эҳсонҷон Рафиқҷоновичи 27-cола бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
ВКД меафзояд, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.