баргард чоп кардан

«Санге ба гӯри Лайлӣ»-китоби нави Хуршеди Атовулло

Ахиран, китоби тозаи Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори тоҷик, ҳамзамон, сардабири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж» ба нашр расид.


Тавре муаллиф ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин асар шашумин китоби таълифкардаи ӯ буда, бо номи «Санге ба гӯри Лайлӣ» ба дасти ҳаводорон расид. Ба қавли ҷаноби Атовулло ин китобест, ки тарона ва андешаҳои тайи бист соли охир эҷодкардаашро дарбар мегирад.

Гуфтанист, китоб аз ҳафт қисмат: Мазористони озодӣ; Маро бигзор, бигзар; Саройи дурушт; Санге ба гўри Лайлӣ; Танҳоӣ, орзу, марг; Асабам бемор аст, модар; Дурўғи зебои пойиз иборат буда, баёнгари олами пурмоҷарои инсонҳост.

Дар баробари нигориши сидқу вафо ва ҷабру ҷафои ёру ағёр як андеша воқеияти аслии ҳол ва афкори  журналистро инъикос мекунад: «Қалами дасти маро касе натавонад гирифт, вале ба курсии мансаби ту каси дигаре хоҳад нишаст…».

Маврид ба ёдоварист, Хуршеди Атовулло муаллифи  маҷмӯаҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёд», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» аст, ки дар жанрҳои гуногуни адабиёт ва публисистика нашр  шудааст, пешкаши хонандагон гардонидааст.