баргард чоп кардан

Сабаби сӯхтори бозори марказии ноҳияи Панҷ эълон шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро эълон кард.

Сӯхтор дар ин бозор субҳи 5 сентябр ба вуқӯъ пайваст ва беш аз 30 дӯкони тоҷирон ба коми оташ рафт. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 6 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сар зада, масоҳати 240 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ӯ ҳаҷми хисорот дар бозори марказии ноҳияи Панҷро 89 ҳазор сомонӣ гуфт.

Сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон ҳодисаи нодир нест. Бори охир шоми 2 июл бозори Корвони пойтахт оташ гирифта буд.

ҲОДИСАҲОИ ПУРСАРУСАДОИ СӮХТОРИ БОЗОРҲОРО ДАР ИН АКСИ ГӮЁ БУБИНЕД

Сабаби сӯхтори бозори марказии ноҳияи Панҷ эълон шуд