Ҳалокати шикорчӣ баъди афтидан аз баландии 17 метр дар Сафедкамар
Як сокини 32-солаи ноҳияи Нуробод ҳангоми шикори кабк дар доманакуҳи мавзеи Сафедкамар аз баландӣ ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҳодиса асри 4 сентябр (соатҳои 16:20) ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, сокини деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод барои шикори кабк ба мавзеи Сафедкамар рафта, ҳангоми аз болои тарма гузаштан он сӯрох мешавад. Дар натиҷа ӯ аз баландии 17 метр ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.