баргард чоп кардан

ВКД: Ҷавон аз ҳиссиёти рашк маъшуқаашро 12 корд задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми куштор хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда тахминан соати 02:00-и шаби 6 сентябр дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бадани маъшуқаи 26-солааш 12 корд мезанад. Торнамои ВКД навиштааст, ҷавон аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш ҷанҷол карда ва ӯро корд задааст: “Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.