баргард чоп кардан

«Навгонӣ» барои муҳоҷирон: Ба кӣ хубу ба кӣ бад?

Муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Маскав Олга Кириллова дар мусоҳиба бо «Росбалт» иброз доштааст, ки соли 2012, тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, тартиботи дактилоскопияро хоҳанд гузашт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамчунин хонум Кириллова гуфтааст, ки нақши ангуштони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аснои кушодани қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ кӯмак мерасонад.

 

Манбаъ афзуд, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Маскав илова кардааст, ки муҳоҷирони риоякунандагони қонун аз навгонии соли 2012 ҳарос надоранд, аммо ба онҳое, ки қонунро вайрон мекунанд, хабари нохушоянд аст. Тибқи суханони Олга Кириллова, Хадамот ҳама имкониятҳоро барои амалӣ намудани ин тартибот доштааст.