Ҳамлаи шавҳари бадрашк: Зан гурехту “ошиқаш” не...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-сола, сокини ноҳияи Восеъ хабар дод, ки дар қатли марди 36-сола айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда шоми 29-уми июни соли ҷорӣ дар соҳили дарёи “Сурхоб”, собиқ ҳамсараш, зани 39-соларо дар мошини “Опел-Астра”-и марди 36-сола, сокини ноҳияи Восеъ дидааст: “Мард аз ҳиссиёти рашк оинаи дари автомашинаро шикаста, ба собиқ ҳамсараш ҳамла кардааст. Зан аз тарс фирор намуда, дарёи “Сурхоб”-ро убур карда, ба тарафи деҳаи С.Шарифи ноҳияи мазкур гузаштааст”.
ВКД афзуд, ки ҳамлагар бо дастонаш роҳи нафаси марди 36-соларо, ки дар ҷойи нишасти ронанда қарор дошт, сахт зер карда, ӯро ба ҳалокат расондааст ва ҷасадашро ба дарёи “Сурхоб” партофтааст.
Манбаъ илова намуд, ки феълан нисбати боздоштшуда бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.