Сабринаи 13-сола дар Душанбе пайдо шуд
Сабрина Раҷабова, сокини 13-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ки 6-уми сентябр дар роҳ ба мактаб бедарак шуда буд, дар пойтахт пайдо карда шуд.
Тибқи иттилои мақомоти милиса Сабрина дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони пойтахт пайдо карда шуд: "Вазъи руҳию ҷисмонияш хуб мебошад. Феълан ба наздиконаш супурда шуд".
Қаблан Нусратулло Аминов, яке аз наздикони Сабрина ба “Озодагон” гуфт, ӯ 6-уми сентябр соати 12:30 дақиқа аз хона баромада, бедарак шуд: “Гуфт ба мактаб меравам. Ба гуфтаи ҳамсинфи апааш ӯро бори охир, ҳамон рӯз соати 16:00 дар назди мактаб дидаанд”.