Даллагӣ дар Душанбе: $50-нархи ҳамхобагӣ бо духтари 19-сола
Мақомоти милисаи Тоҷикистон духтари 18-сола, сокини шаҳри Душанберо бо гумони даллагӣ боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда сокини ноҳияи Шоҳмансур буда, ба ивази маблағ шароити ҳамхобагӣ бо ҷавондухтари 19-соларо фароҳам кардааст: “Аз ҷумла 14-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи А.Дониши пойтахт ҷавондухтари 19-солаи сокини шаҳри Душанберо бо марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳр барои алоқаи ҷинсӣ шинос карда, 50-доллари амрикоӣ мукофотпулӣ гирифтааст”.
ВКД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.