баргард чоп кардан

Беш аз 2 кило ҳероин мусодира гардид

Дар  назди дидбонгоҳи «Шарора»-и БДА дар ноҳияи Рудакӣ  аз автомашинаи тамғаи  «Мерседес-Бенс» маводи сахтаъсири ҳероин дарёфт гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, ҳангоми гузаронидани   чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ронандаи автомашинаи тамғаи  мазкур, ки рақами давлатиаш  ЕМ 41-11 01/РТ буд, ҳудуди 2 килограмму 606 грамм маводи нашъадор мусодира шуд.Шахсияти сарнишини мошин низ маълум гашт, ки ӯ  Восеъҷон Азизов, соли таваллудаш 1978,  истиқоматкунандаи  шаҳри Ваҳдат, деҳаи  Ваҳдатобод  будааст. Алъон, дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад