Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ рӯнамоӣ шуд
Дар Бемористони ибни Сино китоби тозанашри “Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ” рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб дар асоси Фарҳанги вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ таҳия ва бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон бо пуштибонии молии Бемористони байналмилалии Ибни Сино нашр шудааст.
Дар расми рӯнамоии китоб Адухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино гуфт, зарфиятсозии миллӣ дар асоси тавонмандсозии забони модарӣ муяссар мешавад. Ба андешаи Холиқзода то дараҷаи донистани забони модарии як мутахассис хеле қавӣ набошад, наметавонад дар риштаи худ бисёр муваффақ гардад: “Пуштибонии мо аз нашри ҳамин китоб ба далели забони илму истилоҳ шудани забони модариамон аст”.
Раҳими Зулфониён, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст гуфт, Кумита аз нашри ин китоб истиқбол мекунад ва ин гуна корҳоро барои ҳамгунсозии истилоҳот хеле арзишманд медонад.
Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ изҳор дошт, “нашри ин китоб аз ҷумлаи аввалин корҳои муҳим аст, ки ниҳоди мо ният доранд анҷом диҳанд. Ва умедворем, дар дигар бахшҳо ҳам муваффақ бишавем”.
Ҳасан Қарибӣ зимни ташаккур аз ҳамкории пизишкон, пажуҳишгарон ва гуруҳи фаннии ин тарҳ гуфт, яке аз муҳиммтарин ва ҷасуронатарин тасмимҳое, ки дар Тоҷикистон соҳибистиқлол гирифта шуд, тасмим дар бораи таъйини забони давлатӣ буд: “Бадеҳӣ аст, ки ин тасмими муҳим ниёзманди иҷрои корҳои муҳим буд ва яке аз ин корҳо ташкили Кумитаи забон ва истилоҳот аст”.
Вай бо зикри хайр аз марҳум Додихудо Саймиддинов, нахустин раиси Кумитаи забон аз ин ки дар доду ситадҳои фарҳангии Тоҷикистон пешниҳоддиҳандаи фаъоле будааст, қадрдонӣ кард ва афзуд: “Имзои Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи забон ва Фарҳангистон яке аз ин пешниҳодҳо буд, ки баргузори ҳамоиши масоил вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ ва баргардони мусавваботи Фарҳангистон ба хатти кириллӣ аз намунаҳои ин ҳамкорӣ аст ва лозим ба зикр аст, ки фарҳангистон низ чанд сол пеш фарҳанги истилоҳоти тиббии Тоҷикистонро дарёфт карда буд”.
Ҳасан Қарибӣ дар посух ба саволе ки оё унвони чаҳорзабона ба маънии мутафовит будани забони форсӣ ва тоҷикӣ аст, гуфт: “Дар ин унвон манзур аз забон, забони гуфтории тоҷикони имрӯз дар Тоҷикистон аст. Барои мисол дар радифи тоҷикии ин китоб истилоҳоти чун гурда муодили куллия, ҳамшираи шафқат муодили парастор ва ёрии таъҷилӣ муодили омбулонс ва ғайра гунҷонда шудааст”.