Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 13 сентябр имзо шуд, “моҳҳои октябр ва ноябри соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд” барои хизмат даъват мешаванд. Рафтани ҷавонон ба хидмат даҳсолаҳост, ки як мавзӯи доғ дар Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад, сару садоҳо дар бораи вазъи қисмҳои низомӣ ва меҳтарсолорӣ бархе ҷавононро аз артиш мегурезонад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки чанд соли ахир вазъ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Хабарнигори “Озодагон” аз чанд нафар дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки кадом вақт ё бо чӣ шарту шароите бо хоҳиши худ ба хизмати сарбозӣ мерафтанд?
Наворро бубинед ва зери он шарҳ бигузоред.