“Қиёми рӯз”-у “Муаллим”-и Носир Саидовро дар Узбакистон ба намоиш мегузоранд
Аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Узбакистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Озодагон” гуфтанд, барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон аз намоиши аккосии “Тоҷикистони муосир”, намоиши “Китобҳои Тоҷикистон” намоиши ду филми пурраи Носир Саидов -- “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Тошканд барномаи консертӣ бо иштироки Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст: “Санъати рақси миллии тоҷикро дар Узбакистон Ансамбли овозадори рақсии “Зебо” муаррифӣ хоҳад кард”.
Аз 10 то 13 май дар Тоыикистон Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон баргузор шуда буд.