ВКД: Марди сархуш янгаашро 4 корд задааст
Пулис аз боздошти як сокини 43-солаи шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки дар талоши куштор муттаҳам мешавад.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда соати 08:00-и 20 сентябр дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари бародараш муноқиша намуда, ба бадани вай бо корд чор маротиба мезанад: “Дар натиҷа ҷабрдидаи 24-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.