Оташнишонҳо: Фавти одамон дар сӯхтори хобгоҳ пешгирӣ шуд
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, аз марги одамон дар сӯхтори даромадгоҳи асосии Донишкадаи Давлатии Фарҳанг ва санъат дар Душанбе ҷилавгирӣ карда шуд.
Тибқи иттилои оташнишонҳо сӯхтор 22-юми сентябри соли 2017, соати 20:11-дақиқа дар боми даромадгоҳи хобгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи 65-и ноҳияи Фирдавсӣ рух дод: “Сӯхтор сари вақт хомӯш гардид ва дар натиҷа фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст”.
Манбаъ афзуд, ки таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби коршиносон идома дошта, сабаб, зарар ва гунаҳкор муайян карда мешавад.
Тибқи иттилои шоҳидон шаби 22-юми сентябр, ба далели сӯхтори даромадгоҳ ҷавонон дар муҳосираи оташ монда, чанд нафарашон бо нишони заҳролудшавӣ аз дуд дар беморхона бистарӣ шуданд.