Футболбозони навраси тоҷик ба даври ниҳойии Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ ёфтанд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври охирини Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Умонро шикаст дода, ба марҳалаи ниҳоӣ мусобиқа роҳ ёфт. Марҳилаи ниҳойӣ аз 20 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор мешавад.
Дидори мунтахаби наврасони Тоҷикистону Умон шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт ва бо натиҷаи 1:0 футболбозони тоҷик дастболо шуданд.
Голи ягонаи бозиро Исроил Холов дар дақиқаи 76-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол се бозии марҳилаи интихобиро дар гуруҳи “В” бо пирӯзӣ анҷом дода, бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт. Яккачини наврасони Умон бо 6 имтиёз дар ҷойи ду, Сурия бо 3 имтиёз дар ҷойи се ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи охир қарор дорад.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии гузашта Сурияро- 2:0, Молдивро -14:0 ва Умонро 1:0 шикаст дода буд.