баргард чоп кардан

ФФТ беҳтаринҳоро муайян кард, акнун навбати интихоби президент

5-уми январ дар меҳмонхонаи мавсум ба «Ҳаят-Реҷенсӣ»-и Душанбе конфронси ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат мепазирад.


Шавкат Ахмедов, як масъули ФФТ ба «Озодагон» гуфт, дар ин ҳамойш кори чорсолаи федератсия натиҷагирӣ шуда, ҳамзамон президент ва ҳайати роҳбарикунандаи ин ниҳод интихоб мегардад.

Манбаъ афзуд, ФФТ инчунин беҳтарин футболбозони кишварро дар соли 2011 муайян кард. Ба қавли ӯ, Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон беҳтарин футболбози сол эътироф гашт, ин кас ҳамчунин беҳтарин нимҳимоятгар низ дониста шудааст. Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол» ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҷойизаи «Беҳтарин дарвозабони сол» мушарраф гардида, Маъруф Рустамов, узви дастаи «Равшан»-и Кӯлоб унвони беҳтарин ҳимоятгарро ноил гардид. Ӯ, ки ҳамзамон сармураббии дастаи Равшан» аст, бо ҷойизаи «Беҳтарин мураббии сол» сарфароз мешавад. Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол», ки бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола шудааст, бо ҷойизаи «Беҳтарин ҳамлагари сол» мукофотонида мешавад. Раҳмон Муртазоев, беҳтарин довар ва Одил Каримов, аз бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе беҳтарин мураббии бачагона дониста шуданд.