баргард чоп кардан

Боз як муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия ба ҳалокат расид

«Интерфакс»- хабаргузории русӣ ба нақл аз як манбаъи боэътимод навишт, ки рӯзи Соли нав дар Маскав ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст.


Бино ба иттиллои ин расона, рӯзи 1-уми январ дар маркази ин шаҳр, ҷасади кӯчарӯби тоҷик дарёфт гардидааст.

Гуфта мешавад, тани беҷони ҳамватани мо, ки алъон аз гирифтани исмаш худдорӣ мешавад, соати 6-35  ҷасади аз кӯчаи Красноказармен бо гулӯи бурида пайдо гардидааст. Дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои зирабт мушаххас кардаанд, ки мақтул шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар идораи истифодабарии роҳҳо (ДЭЗ) кор мекардааст.