баргард чоп кардан

(ВИДЕО) Вазир: Ҷазои саркашҳо аз пардохти алимент ҷиноӣ мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки бар асоси он алайҳи саркашҳо аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, аслан ҳадаф аз тағйирот мутобиқсозии Кодекси ҷиноӣ ба Конститутсия мебошад.

Ӯ афзуд, инчунин ба моддаҳои 177 ва 178-и Кодекси ҷиноӣ иловаҳо ворид шудаанд, ки бар асоси он алайҳи ашхосе, ки барқасдона ба муҳлати беш аз се моҳ аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад: “Барои нафароне, ки қасдан аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҷавобгарӣ дар қисми якум бетағйир мондагӣ, дар он ҷо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва то 2 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст, қисми дуюме, ки пешниҳод кардем, агар такроран содир гардад, то се сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.

Вазири адлия шарҳ дод, ки тағйиру иловаҳо ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи Рустами Шоҳмурод айни ҳол 65 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки алимент пардохт накардаанд ва миёнашон афроде низ ҳастанд, ки барқасдона саркашӣ мекунанд.

Вазири адлия таъкид намуд, ки солҳои охир қарздорӣ аз ҳисоби алимент зиёд шудааст ва тағйироти мазкур барои ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳанд кард.