Баъди 19 сол. Боздошти гумонбар дар куштори сокини Нуробод
Кормандони пулис як сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдатро боздошт кардаанд. Ӯ дар кушторе муттаҳам мешавад, ки 19 сол қабл содир шудааст.
Торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин сокини рустои Гулрези шаҳри Ваҳдат дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 2 октбяри соли равон дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда қаблан бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ суд шуда будааст: “Номбурда моҳи августи соли 1998 дар деҳаи Кофарниҳони шаҳри Ваҳдат бо марди 50-солаи сокини ноҳияи Нуробод, ки он вақт 31-сол дошт, ҷангу ҷанҷол карда, бо силоҳи оташфишони тамғаи “АКС” ӯро ба ҳалокат расонидааст”.
ВКД мегӯяд, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда о-оз шуда, тафтишоти он идома дорад.