баргард чоп кардан

Кашфи як махфигоҳи лавозимоти низомӣ дар шарқи Тоҷикистон

Дар Тавилдара як махфигоҳи муҳимоти ҷангӣ кашф шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти тафтишотӣ-санҷишии мақомоти интизомӣ дар ҷангалзори деҳаи Шури ҷамоати Чилдара 1 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АК» таҳти рақами 80223332, соли бароришаш 1992, 2 дона норинҷаки дастии  навъи РГД-5, 25 дона тири мусалсал, қутраш 7,62-мм, 20 дона тири силоҳи худкори қутраш 5,45-мм дарёфт гардид.

 

Бино ба қавли манбаъ ҳамчунин аз ин мавзеъ, 1 адад воситаи мухобироти кайҳонии «Моторола-ОР338», 2-адад детонатор (маводи мунфаҷира), 17 метр ноқили бавуҷудовардани таркиш, 3 дона тирдони автомат, 1 дона халта барои лавозимоти ҷангӣ  (подсумка) низ ошкору мусодира шудааст.