ВКД: Сокини Душанбе бародарашро корд задааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздошти ин мард дар пайи шикояти бародари 41-солаааш, ки сокини шаҳри Кӯлоб будааст, сурат гирифтааст. Ӯ дар аризаи худ навишта, ки 11 октябри соли 2017, тахминан соати 15:30 бародараш дар дохили бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе бо корд 1 маротиба ба баданаш задааст: “Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
ВКД мегӯяд, ҳоло оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.