Душанбе: “Мерседес” толибаи мактабро зер кард
“Мерседес” дар маркази шаҳри Душанбе хонандаи синфи 3-и мактаби рақами 62-ро зер кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи нохуш 14-уми октябр, соати 17:00 рух дод: “Мерседес-Бенс С-180, таҳти идораи Абдурасул Сафаров, сокини 52-солаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Лашкарова Бибимарям Азизовна, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми мактаби №62, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи поёнро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.