Бархӯрди “Шевроле-Лачетти”-и шаҳрванди Тоҷикистон бо “Митсубиси-Паджеро-Спорт”-и табааи Узбакистон дар Русия
Дар пайи бархӯрди мошини як шаҳрванди Узбакистон бо сабукрави шаҳрванди Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 5 нафар маҷруҳ шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ ин ҳодиса дар километри 457-уми шоҳроҳи М5 “Урал”-и Мордовия ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 33-солаи Узбакистон бо мошини “Митсубиси-Паджеро-Спорт” ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини “Шевроле-Лачетти”, таҳти идораи шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон бармехӯрад: “Дар натиҷа панҷ нафар зарар дидаанд”.