баргард чоп кардан

100918 боздиди “Шаббодаҳои поиз”-и Нигина Амонқулова дар Ютуб (САДО)

Таронаи нави Нигина Амонқулова, хонандаи попи тоҷик дар интернет ҳаводори зиёд пайдо кардааст.

Ин таронаро ки “Шаббодаҳои поиз” ном дорад аз замони нашраш дар шабакаи Ютуб дар рӯзи 12 октябр то вақти нашри ин хабар беш аз 100 ҳазору 918 бор гуш кардаанд.

Нигина Амонқулова дар раддаи аввали хонандаҳои попи тоҷик мақом дорад ва чанд сол аст, ки ин мавқеъро нигоҳ доштааст.