баргард чоп кардан

«Абрҳои обӣ»-и Фирдавсро «Ношир» ба дасти чоп дод

Чопхонаи мавсум ба «Ношир»  маҷмӯаи абёти шоири ҷавон Фирдавси Аъзамро таҳти унвони «Абрҳои обӣ»  ба табъ расонид.

Ин китоб шеърҳои чанд соли охир навиштаи шоирро дар бар мегирад. Андешаву тасвирҳои зебои маҷмӯаи мазкур  ҳар хонандаро ба олами маъниву зебоӣ ҳидоят мекунанд. Нуралӣ Нурзод, шоири тоҷик дар пешгуфтори «Абрҳои обӣ» менависад: «Ин абрҳои обии пиндори Фирдавс ҳам аслан мушобеҳи ҳамон абрҳои асотирӣ аст, ки аз бухори оби зиндагӣ, ишқ, иҷтимоъ, дарки фалсафаи рӯз обистан шуда, ҳамеша шеъру андеша ва тафаккуру маърифат меборад.»

 

Дар нигоштаҳои хеш шоири ҷавон аз муаммоҳои ҷаҳони куҳан, таърих ва тамаддуни маънавии инсоният, зан модар ва ишқу зебоӣ, таззодҳои олами муосир меандешад ва ин ҳамаро бо як тахайюли ноб  ба тасвир мекашад.