баргард чоп кардан

Беҳтарин ороишгарони рамзи вижа дар Суғд соҳиби мукофоти пулӣ шуданд

Ахиран, қарори райиси вилоят «Дар бораи мукофотонии ғолибони озмуни вилоятӣ барои рамзи 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)» аз 29 декабри соли 2011 таҳти рақами 420 ба тасвиб расид.

Дар озмуни вилоятӣ барои офаридани ин рамз дар қатори дигар иштирокчиён 3 лоиҳаи эҷодкорон дар асоси қарори комиссия баҳо дода шуда, ҷойҳои намоёнро гирифтанд.

 

Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд,  Абдуҳалим Тӯхтаев, дизайнери оҷонсии рекламавии «Шер» сазовори ҷойи аввал ва ба маблағи 2000 ҳазор сомонӣ, Сӯҳроб Хоҷаев ва  Ҷовид Ҷамолов, кормандони «Кохи матбуот» сазовори ҷойи дуюму як ҳазор сомонӣ, инчунин Абдуазиз Абдурахмонов, донишҷӯйи коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз сазовори ҷойи сеюм ва бо 500 сомонӣ мукофотонида шуданд.