“АП”: Набераҳои Ҷаббор Расулов қасд доранд, шаҳрдории Душанберо ба додгоҳ бикашанд
Набераҳои Ҷаббор Расулов, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-и асри гузашта аз интиқоли қабри ӯ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба иддаои онҳо ҳеч яке аз се фарзанд ва чор набераи Расуловро дар мавриди интиқоли қабр огоҳ накардаанд, менависад хабаргузории “Азия Плюс”.
“Дар Душанбе ба таври пинҳонӣ бидуни огоҳ сохтани фарзандону набераҳо ва дарёфти розигии онҳо қабри бобои маро интиқол додаанд. Ҳоло ман ин хабарро ба модарам намерасонам, зеро вокуниши ӯро тасаввур карда наметавонам”,-навиштааст Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов дар саҳифаи Фейсбукаш.
Хонум Тихонова дар идома афзуда, агар онҳоро огоҳ месохтанд, ҷасади бобояшро ба Маскав интиқол дода, онҷо дафн мекарданд.
Ирина ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қабри Ҷаббор Расуловро ба қабристони мусалмонон интиқол додаанд: “Дар вақташ ӯро тибқи васияташ на бар асоси суннатҳои мусалмонӣ гӯронда буданд, зеро бобои ман коммунист буданд”.
Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки дар сурати аз интиқоли қабр огоҳ шудан ҳоли модар, амма ва тағояш, се фарзанди хеле солманди бобояшро тасаввур карда наметавонад. Ҳоло писари Ҷаббор Расулов -- Леонид 86, духтари ӯ Светлана 81 ва духтари хурдаш Ирина 79 сол доранд.
Ирина ба “Азия Плюс” гуфтааст, бори охир соли 2008 қабри бобояшро дида буд. Тимур Тихонов, набераи дигари Ҷаббор Расулов гуфтааст, “интизор надошт, бо нафаре ки барои кишвар кори зиёде анҷом дод, чунин муносибат мекунанд”.
Набераҳои Ҷаббор Расулов гуфтаанд, қасд доранд, шаҳрдории Душанберо барои бидуни огоҳӣ ва ризоияти онҳо интиқол додани қабр ба додгоҳ бикашанд.
Ҷаббор Расулов 10 июли соли 1913 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Солҳои 1946-1956 раҳбари Шӯрои вазирони Тоҷикистону шӯравӣ ва аз соли 1961 то соли 1982 котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд. Соли 1981 унвони Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистиро дарёфт кард. Ӯ 4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Акс аз "Азия Плюс"