Ҷоми АФК-2017: Дидори “Истиқлол”-у “Эйр Форс”-ро доварони Аморати муттаҳидаи Араб назорат мекунанд
Ҳайати довароне, ки дар финали Ҷоми АФК-2017 бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Эйр Форс”-и Ироқро назорат хоҳанд кард, эълон шуд.
Сардовари ин дидор Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммади 39-сола, довари ФИФА аз Аморати муттаҳидаи Араб хоҳад буд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ёварони ӯ Муҳаммад Аҳмед Юсуф Абдуллои 33-сола, ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдуллои 39-сола интихоб шудаанд.
Умар Алӣ Абдулло Ҷумъаи 35-сола довари эҳтиётӣ аст.
Бозии финалии Ҷоми АФК-2017 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.