баргард чоп кардан

Суғд: 30 нафар хатмкардаҳои ДДХ ҷарима месупоранд

Дар соли таҳсили равон 664 нафар ё худ 72,6 фоизи мутахассисони ҷавони ба мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳхат гирифта, ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Истаравшан, Чкалов, Табошар, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ба кор ҷалб намудани мутахассисон хуб ба роҳ монда шуда, аз 80 то 100% - и мутахассисон ба ҷои кор ҳозир шуданд.
Маврид ба ёдоварист, соли равон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров нисбати 30 нафар хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавӣ, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд, барои рӯёндани маблағи таҳсил ба суди иқтисодӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудааст.