баргард чоп кардан

44 нафар афзудани бошандагони парваришгоҳ ва хона интернатҳо дар Тоҷикистон

Дар соли 2011 аз ҷониби муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 22.450 нафар аз рӯи ҳамаи самтҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуданд.


Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз вазорати мазкур иттилоъ доданд,  аз ҷумла, дар шароити статсионарӣ 1.547 нафар, дар марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва  будубоши рӯзона 1.863 нафар, дар шароити хона 5.715 нафар, табобати санаторӣ-курортӣ 2.183 нафар, бо аробачаҳои маъюбӣ 723 нафар, бо протезҳои пою даст, пойафзолҳои ортопедӣ ва асобағалҳо 10.419 нафар таъмин гардиданд.  
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин  давра дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо 1547 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки дар қиёс бо соли 2010 –ум 44 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 897 нафар мардон ва 650 нафар занҳо мебошанд. Аз ҷумла, 200 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 558 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 108 нафар маъюбони гурӯҳи сеюм, 547 нафар  маъюбон аз кӯдакӣ, 172 нафар маъюбони бистарӣ ва боқӣ нафақахӯрон мебошанд.
Инчунин, дар муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони “Чорбоғ” ба 20 нафар кӯдакони маъюб дар як баст ба мӯҳлати 21 рӯз табобату тавонбахшӣ расонида, ба модаронашон барои нигоҳубини кӯдаки маъюб дар хона омӯзиш ва маслиҳат дода мешавад.